- қатъ
- [قطع]а1. буридан, кандан; ҷудо кардан2. андозаи муайяни буриши коғаз (формат); қатъи алоқа (кардан) алоқаро кандан, тарки робита кардан; қатъ кардан (намудан) а) буридан, кандан; б) бас кардан, хотима додан (ба коре), аз байн бурдан (муносибат ё муомиларо); қатъ шудан (гардидан, гаштан) а) бурида шудан, канда шудан; бас шудан (-и гуфтугӯ, сӯҳбат…); б) хомӯш шудан (-и овози чизе, садои мусиқӣ…); корро қатъ кардан корро бас кардан, аз кор бозистодан; қатъи назар аз… сарфи назар аз…, бо вуҷуди…; риштаи хаёл(от)и касеро қатъ кардан (намудан) боиси бурида шудани андешаронии касе шудан, хаёлоти касеро халалдор кардан; хомӯширо қатъ кардан хомӯширо халалдор (вайрон) кардан, ба хомӯшӣ хотима додан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.